Меню

Бад макуну бад маяндеш

БАД МАКУН, КИ БАД АФТЙ

Мафхуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонхо хамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадй чун фасоду зиён танхо ва танхо зиштиву нооромй падид меорад, зеро ин амал хоси хайвоноту дарандахо ва хашароти зараррасон аст, ки онхоро табиат чунин офарида. Инсоният чун бандаи хокии чахони гузарон бояд хоси хислатхои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарй некию накукорй ва саховатмандию хайрхохй бошад. Хамеша бар он чахд намояд, то ба амалхои хубу савоб, манфиатдору хайрхохона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боки гузорад, то зинданом бошад.
Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор хамеша ба чазои Офаридгори бузург сазовор хохад буд.

Ҳар кй ба мардум хиёнат мекунад,
Нарасад харгиз у ба неьмату ноз.

Оре, хар як пешравй мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танхо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон сохибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки хамаи нуқсону норасоихои хаёташон бар ивази амалхои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргохи Худованди муттаол рузияшон гашт. Надониста аз он, ки хар як амали инсон дар хает сазовори мукофотест, ки дар тарозуи хаёт баркашида:

Худое, ки болову паст офарид,
Сазовори хар даст даст офарид.

Барчост, ки хамаи хубию бадихо дар зиндагй дар хадди худ чавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кушид, ки некукор ва росткору аз бадихо дур зист. То хадди имкон бо дармондагон дасти ёрй дароз кард:

Ту некй бикуну дар Дачла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат дихад боз.

Бадкорону бадхохонро роху равиш боял омухт ва аз бадихо дур гардонд, ки дар корхои неку савоб даст зананд. Зеро онхо худ аз худ бахри дигар гаштани хулку атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд хамеша дустону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом рохе, ки набошад, ононро ба росткорй хидоят кунанд ва аз вартаи бад бирахонанд.
Вале хастанд шахсиятхое, ки хеч гох ононро бо ягон кушингу мадади атрофиён аз рохи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайрохаи бузургро тай намудаву худ бехабаранд. Тавре мегуянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадй намекард, аммо некукор аз он ки ба кадри тавон некй накарда, дар қайди ранч асту азоб». Хуллас, хеч як бадкарда бе чазо нахохад монд. Хар як амалеро чавобест ва хар бадкоре ба кадри бадихои анчомдодааш чазое хохад дид. Бехуда нагуфтаанд:

Бад макун, ки бад афтй,
Чох макан, ки худ афтй.

Албатта, бадкарда рузе сазовори чазои бад ва накукорон ба кадри захмати беандозаашон сазовори хаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрую манзалати бузург хоҳанд гашт.

Источник

Dopa Mucuna, Допа Мукуна — 90 капсул

Состав
В двух капсулах:
Экстракт Mucuna (Mucuna spp.) (Семя) (Мин. 15% L-Допа, встречающийся в природе) — 800 мг
L-допа — 120 мг

Способ применения:
По 1-2 капсуле в день во время приема пищи, лучше всего в начале дня.

Предупреждение:
Только для взрослых. Проконсультируйтесь с врачом, если вы беременны, кормите грудью, принимаете медикаменты или имеете медицинские противопоказания. Хранить в недоступном для детей месте.
Продукт может менять цвет естественным образом.
После вскрытия хранить в сухом, прохладном месте.

Поддержка эмоционального фона с Dopa Mucuna от NOW

Биодобавка Dopa Mucuna – средство для поддержания настроения. В основе стандартизированный экстракт бобов Мукуна жгучая. Аминокислота L-допа может синтезироваться организмом и самостоятельно, однако его концентрации часто недостаточно для полноценной передачи нервных импульсов. Допамин играет немаловажную роль в обеспечении когнитивной деятельности. Американская компания NOW Foods разработала оптимальный состав препарата «Допа Мукуна», компоненты которого улучшают усвоение друг друга.

Полезные свойства

Биологически активная добавка Dopa Mucuna – натуральное средство, известное как эффективный препарат для профилактики и лечения депрессивных состояний. Он стимулирует появление чувства удовольствия, что положительно воздействует на общее состояние человека, способствует его развитию в различных сферах. БАД оказывает положительное влияние на весь организм, а именно:

  • укрепляет иммунитет;
  • нормализует содержание холестерина в крови;
  • улучшает координацию;
  • увеличивает половое влечение;
  • улучшает приток крови ко всем системам и органам;
  • нормализует состояние в период климакса;
  • выводит лишнюю жидкость из организма;
  • нормализует сон.
Читайте также:  Отличие бад от бад с плюс

Биодобавка «Допа Мукуна» комплексное средство, содержащее в своём составе компоненты растительного происхождения. Подходит для вегетарианцев, людей, ведущих активный образ жизни.

Показания к применению

Биологически активная добавка рекомендуется при:

  • депрессивных состояниях;
  • заболеваниях нервной системы;
  • болезни Паркинсона;
  • повышенном уровне холестерина в крови;
  • бесплодии;
  • малом количестве спермы;
  • истощении организма;
  • олигозооспермии.

Биологически активная добавка также рекомендуется для профилактики заболеваний мочеполовой системы у мужчин и женщин. Основные компоненты считаются природными афродизиаками, за счёт чего при регулярном применении препарата усиливается половое влечение.

Способ применения

Принимать биодобавку Dopa Mucuna от американского производителя NOW Foods нужно по 1 или 2 капсулы в сутки. Желательно употреблять средство в первой половине дня. При хронических заболеваниях мочеполовой и других систем обязательно проконсультируйтесь с лечащим врачом. БАД Dopa Mucuna от NOW Foods не является лекарственным средством и может использоваться исключительно в профилактических целях. Перед началом применения обязательно ознакомьтесь с инструкцией на упаковке.

Dopa Mucuna с доставкой на дом

Ищете качественные биодобавки для себя или своей семьи? В нашем интернет-магазине представлена оригинальная продукция ведущих производителей витаминов, БАДов. Мы:

  • отправляем товар в день заказа почтой или посредством компаний-перевозчиков;
  • гарантируем оригинальность продукции – сотрудничаем с производителями витаминов;
  • доставляем курьерской службой в пределах Москвы;
  • предоставляем сертификаты качества продукции.

Наши менеджеры проконсультируют, помогут выбрать подходящий витаминный комплекс. Заполните форму обратной связи или позвоните нам.

Источник

Бад макун, ки бад афтӣ

Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида.

Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.

Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.

Ҳар ки ба мардум хиёнат мекунад,
Нарасад ҳаргиз ӯ ба неьмату ноз.

Оре, ҳар як пешравӣ мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танҳо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон соҳибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки ҳамаи нуқсону норасоиҳои хаёташон бар ивази амалҳои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргоҳи Худованди муттаол рӯзияшон гашт. Надониста аз он, ки ҳар як амали инсон дар ҳаёт сазовори мукофотест, ки дар тарозуи ҳаёт баркашида:

Худое, ки болову паст офарид,
Сазовори ҳар даст даст офарид.

Барҷост, ки ҳамаи хубию бадиҳо дар зиндагӣ дар ҳадди худ ҷавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кӯшид, ки некӯкор ва росткору аз бадиҳо дур зист. То ҳадди имкон ба дармондагон дасти ёрӣ дароз кард:

Ту некӣ бикуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Бадкорону бадхоҳонро роҳу равиш бояд омӯхт ва аз бадиҳо дур гардонд, ки дар корҳои неку савоб даст зананд. Зеро онҳо худ аз худ баҳри дигар гаштани хулқу атвори худ намекӯшанд. Барои инсони комил шудани кас бояд ҳамеша дӯстону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом роҳе, ки набошад, ононро ба росткорӣ ҳидоят кунанд ва аз вартаи бад бираҳонанд.

Вале ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳеҷ гоҳ ононро бо ягон кушишу мадади атрофиён аз роҳи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайроҳаи бузургро тай намудаву худ бехабаранд. Тавре мегӯянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадӣ намекард, аммо некӯкор аз он ки ба қадри тавон некӣ накарда, дар қайди ранҷ асту азоб». Хуллас, ҳеҷ як бадкарда бе ҷазо нахоҳад монд. Ҳар як амалеро ҷавобест ва ҳар бадкоре ба қадри бадиҳои анҷомдодааш ҷазое хоҳад дид. Беҳуда нагуфтаанд:

Читайте также:  Как вернуть бад продавцу

Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Албатта, бадкарда рӯзе сазовори ҷазои бад ва накӯкорон ба қадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворро, фарзандони солиму поктинат ва обрӯю манзалати бузург хоҳанд гашт.

Источник

Бад макуну бад маяндеш…

Озодии саросари давлатҳо, мустақилияту оромӣ ва осудагии миллатҳо неъмати арзишманду бебаҳост. Албатта, ҳар як кишвар барои пойдорӣ ва бардавомии сулҳу субот пайваста талош менамояд. Амну суботро бояд ҳар як шаҳрванди сайёра мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ҳифз намояд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки аз даст додани оромиву осудагӣ кори мушкил нест, аммо барқарор намудани он мураккабу мушкил аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки на танҳо дар сулҳу суботи кишвари худ ҳиссагузор бошад, балки барои дар миқёси ҷаҳон баҳри пойдории сулҳи абадӣ бетарафӣ зоҳир нанамояд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯзаи мо кишварҳое ба назар мерасанд, ки натанҳо сабабгори моҷаро ва нооромӣ дар дохили кишвари худ мегарданд, балки таъсири он ба тамоми давлатҳои дигар таҳдид мекунад. Дар замони муосир баъзе аз кишварҳо ба хотири амалӣ намудани манфиат ва ғаразҳои нопоки худ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа вазъияти орому осуда ва муътадили ҳаёти сокинонро дар ин ё он кишвар ноором месозад, ки боиси сар задани хушунат ва ҷангу хунрезӣ мегардад. Бинобар ин, дар иртибот ба нооромиҳои вақтҳои охир бояд вокуниш нишон дод ва баҳри пойдории оромӣ дар сайёраи замин кӯшиш кард.

Албатта, вақтро беғаразтарин довар мегӯянд. Бо гузашти солҳо вақт исбот намуд, ки дар ҳодисаҳои ҷанги ҳамватании солҳои 90-уми Тоҷикистон кишвари бо мо ҳамҷавору ҳафарҳанг — Эрон дасти қавӣ дошта, дар саргаҳи ин нооромиҳо қарор дошт. Бадхоҳони эронӣ тавассути сармоягузории ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ҷомеаи моро ба гирдоби хушунат мубтало сохта, ғарқи хун намуданд. Онҳо мехостанд сиёсати манфур ва бегонаи худро ба дӯши мо бор намуда, низоҳои мазҳабиро ба миён оварда, як мазҳаби бегонаву нодаркорро ба мо бор намоянд.

Аз рӯи маълумотҳои охирин ва гузоришҳои созмонҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, дар натиҷаи нооромиҳои моҳи гузашта, ки дар Эрон рух дод, беш аз 140 нафар кушта ва зиёда аз 7000 нафар дастгир шудаанд. Ин нооромиҳоро назар карда, даҳшатҳои ҷанги таҳмилии Тоҷикистон пеши назар меояд, зеро аз рӯи оморҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, даҳо ва садҳо маротиба аз ин зиёдтар аст. Фикр мекунам, ки Эрон чаро аз он замон фикр накард, ки мегӯянд: «Набояд кард бад бо бегуноҳе, набояд канд худро низ чоҳе»?

Имрӯз Эрон даъво дорад, ки Амрико сабабгори асосии норомиҳои ахир аст. Як сухангӯи эронӣ дар баёнияаш қайд намудаст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ниҳодҳои байналмилалӣ шикоят намуда, рафтори Амрикоро ҷилавгирӣ хоҳад кард. Инҷо саволе ба миён меояд, ки агар Эрон Амрикоро барои нооромиҳои охир ба Суди байналмилалӣ диҳад, пас чаро Тоҷикистон низ аз болои Эрон ба Суди байналмилалӣ шикоят накунад? Дар қиёс ба қурбониҳои охир дар Эрон қурбониҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон садҳо маротиба зиёд аст, ғайр аз зарарҳои иқтисодие, ки кишвар дид.

Пас, Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки аз болои кишвари Эрон ба Суди байналмилалӣ муроҷиат карда, ҷуброни ҳама қурбониҳоро талаб намояд. Аммо Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар фикри рӯзгори бади ҳеҷ як кишвари дунё набуду нест. Зеро, мутобиқи Конститутсияи кишвар, мо сиёсати сулҳҷӯёна ва дӯстӣ бо тамоми халқи ҷаҳон пеша намудаем ва соҳибихтиёрии мамлакатҳои дунёро эътироф ва эҳтиром менамоем.

Читайте также:  Венарус таблетки это бад или лекарство

Шукр, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муҳлат соҳиби сулҳи комил гардид ва имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба гумонам, барқарории сулҳу субот дар Эрон бо чунин роҳбарони амалкунандааш номумкин аст. Албатта, «бадкардаро даво нест, бадӣ кардӣ, подошашро мечашӣ».

Хулоса, ҳар як кишвар пеш аз ҳама бояд ба хотири оромиву осудагии халқи худ ва пойдории сулҳу субот дар дигар кишварҳо кӯшиш намояд, на пайгири ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худ бошад.

Источник

Бад макуну бад маяндеш

Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар моҳи сентябр хостори ташкили табаддулоти давлатӣ дар кишвар гардид. Барои расидан ба ин мақсад аз собиқ ҳамяроқони худ талош намуд истифода барад. 1 миллион долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар супорид, то ӯ тавонад табаддулотро роҳандозӣ намояд. Вале, ноком гардид. Ҳоҷӣ Ҳалиму дигар нафароне, ки яроқ ба даст гирифтанд, зимни гузаронидани амалиёт ба ҳалокат расиданду қисми дигарашон ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд.

Ҳангоми кофтуков аз маркази ин ҳизби мамнуъ маълум гардид, ки онҳо нияти ҳамла намудан ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо доштаанд. Вале тирашон хок хурду ба ҳадаф нарасиданд. Дар муддати кӯтоҳ роҳ ҷониби гурез ниҳоданд.

Дар ин муддат Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари наҳзатиҳои тоҷик ва шахси калидӣ дар ин моҷаро, тавонист аз чанголи қонун раҳо ёбад. Айни замон дар кишварҳои гуногуни олам ба сайру саёҳат машғул гардидаву Туркияро чун хонаи дуюми худ дониставу ҳар гоҳе хаста шавад, онҷо барои истироҳат меравад. Тоҷикистон пас аз он ҳодисаҳо аз кишвари Туркия борҳо хостори истирдоди Кабирӣ шуд. Вале, ҳукумати Туркия бо баҳонаи демократия намехост, ин ҷинояткорро ба ихтиёри Тоҷикистон супорад. Кишвари Туркия бо пинҳон намудани ин ошӯбгарон гумон дошт, ки касе наметавонад дар баробари онҳо қарор гирад. Вале, ҳодисаҳои Туркия андешаҳои давлатмандони ин кишварро ботил баровард.

Акнун дар Туркия ҳодисаҳои ҳаммонанд ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015-и Тоҷикистон такрор шуд. Шаби 16-уми июли соли ҷорӣ чанде аз ҳарбиёни ин кишвар хостори табаддулот дар кишвар гардиданд. Онҳо шабакаи телевизиони давлатӣ, фурӯдгоҳи байналмилалӣ ва дигар ҷойҳои ба ҳамин монандро иҳота карда гирифтанд. Новобаста аз он ки номуваффақ монданд, вале хуни ноҳақ нисбат ба Тоҷикистон ба маротиб зиёд рехта шуд. Даҳҳо нафари бегуноҳ ба қатл расонида шуду садҳо тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. То 18-уми июли соли равон дар сар то сари Туркия 7,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 100 корманди пулис, 6038 низомӣ, 755 додрас ва 650 шаҳрванди қаторӣ боздошт шудаанд. Сарвазир Биналӣ Йилдирим эълон кард, ки аз ҷумлаи боздоштшудагон 316 нафар аллакай ба ҳабс гирифта шудаанд. 2,7 ҳазор корманди додгоҳҳо, 1,5 ҳазор соҳибмансабон аз вазорати молия ва 8,7 ҳазор тан аз системаи ВКД аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Президенти Туркия дар ин ҳодисаҳо Фатҳулло Гюлен, яке аз рақибони ҳукумати феълиро гунаҳкор ҳисобида иброз доштааст, ки нақшаҳо маҳз аз ҷониби ӯ тарҳрезӣ шуда буд. Гюлен бошад, дар хориҷи ин кишвар, Амрико қарор дорад. Эрдуғон аз Амрико хост, ки Гюленро ба Туркия истирдод кунад, то барои гуноҳҳои содиркардааш ҷавоб гӯяд. Вале, дар гумон аст, ки ин кишвар хостаҳои Туркияро иҷро кунад. Зеро тавре дар урфият мегӯянд:
Бад макуну бад маяндеш,
то бадад наояд пеш,
Нек куну нек андеш,
то некӣ бинӣ беш.

Тавре маълум аст, кишвари Туркия нисбат ба Тоҷикистон ба ҷои некӣ кардан, бадиро авлотар донисту барои истирдоди Кабириву дигар ёронаш кӯмак кардан нахост. Акнун худи ӯ дар чунин шароит қарор дорад. Тавре ҳодисаҳо нишон медиҳанд, Амрико ҳам хостори супоридани Гюлен нест. Намехоҳад, ки ин нафар ба Туркия интиқол дода шавад. Бигзор чунин ҳам бошад, то ин ки ба туркҳо дарси ибрат гардад ва дар оянда бо чунин ҷинояткорон барои ноором кардани кишвари дигар ҳамдаст нагардад.

Источник

Adblock
detector